Шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D010100 - «Таълим ва тарбияи томактабӣ» (6D010101 - «Назария ва методикаи таълиму тарбия (вобаста аз соҳа ва сатҳи таҳсилот)» - 6D010101.01 - «Назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ»), 6D010500 - «Дефектология» (6D010501 - «Педагогикаи коррексионӣ (сурдопедагогика ва тифлопедагогика, олигофренопедагогика ва логопедия)») ва 6D012300 - «Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ» (6D012301.01 - «Назария ва методикаи таълими машғулиятҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ») ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои 13.00.03 - «Педагогикаи коррексионӣ (сурдопедагогика ва тифлопедагогика, олигофренопедагогика ва логопедия)», 13.00.05 - «Назария, методика ва ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ» (13.00.05.03 - «Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ») ва 13.00.06 - «Назария ва методикаи тарбия (аз рӯйи самт ва соҳаи фаъолият)» (13.00.06.01 - «Назария ва методикаи тарбияи томактабӣ») дар назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Шурои диссертатсионӣ бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми феврали соли 2022, № 39/шд таъсис дода шуда, муҳлати фаъолияти он 5 (панҷ) сол муқаррар гардидааст. Ҳайати шурои диссертатсионӣ аз 15 (понздаҳ) нафар иборат аст.